ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Кормандони милитсия марди 61-солаи сокини ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи А.Ҷомиро бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карданд.
Ба иттилои котиботи ВУД, номбурда, моҳи июли соли 2014 бо маслиҳати пешакӣ бо собиқ мутахассиси шартномавии шуъбаи заминсозии ноҳияи А.Ҷомӣ, марди 42-сола, сокини ҳамин ноҳия, бо роҳи фиреб ба боварии пирамарди 80-солаи сокини ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи мазкур даромада, ба ӯ замин фурӯхтааст.
Зикр мегардад, 0,15 - га қитъаи замини наздиҳавлигиро аз ҳисоби заминҳои ҶДММ "Технотекстил", ба арзиши 8 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхта, маблағро пурра ба манфиати шахсиаш истифода бурдааст.
ВУД тавзеҳ медиҳад, ки оид ба ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 247 қисми 3, банди "а" ва 338 иловаи-1, қисми 2, банди "б"Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.