Ду ғарқшавӣ дар Кофарниҳону Сурхоб: яке худро партофтаву дигаре моҳидорӣ рафтааст

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граддании Тоҷикистон аз ду ҳолати ғарқшавӣ дар дарёи Кофарниҳон ва Сурхоб дар шабонарӯзи гузашта хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik.  Бино ба иттилои сомонаи расмии ин ниҳод, рӯзи гузашта шаҳванди 48-солаи деҳаи Ҳафтеппаи шаҳри Ҳисор ҳангоми моҳидорӣ дар дарёи Кофарниҳон аз заврақ сарозер мешавад ва дар оби хурӯшон афтода ғарқ мегардад. 

Спасательный круг. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дарёфти ҷасад аз ҳавзи моҳипарварии Конибодом: сабаби ғарқшавӣ номаълум аст

Кормандони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Ҳисор якҷо бо сокинони русто то соати 19:20, яъне то фаро расидани торикӣ ҷасадро ҷустанду пайдо накарданд.

Ба иттилои манбаъ ҳамчунин дар ин рӯз сокини бистсолаи деҳаи Мулло Бароти ҷамоати Ҷафри ноҳияи Рашт худро ба қасди худкушӣ ба оби дарёи Сухоб андохтааст. 

“Дастаи махсуси наҷоти Кумита дар минтақаи Рашт сари вақт дар ҷои ҳодиса расид ва соати 12:30 дақиқа 20 км дуртар аз маҳалле, ки худро ба об андохта буд, аниқтараш дар наздикии деҳаи Лойобаи ҷамоати Деҳоти Н.Махсум ҷасадро пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд”,-афзудааст манбаъ.

КҲФ: дар ду рӯз ҳафт нафар аз ғарқшавӣ дар рӯди Сир наҷот ёфтанд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд сабаби ин худкушии ҷавон маълум нест.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шаҳрвандон муроҷиат кардааст, ки ҳангоми рафтан ба моҳидорӣ аввал дар бораи риояи қоидаҳои бехатарӣ андешанд ва пасон раванд.

Лентаи хабарҳо
0