Тоҷикистонро заминҷунбии 4 - баллӣ такон дод

© AP / Marco UgarteСейсмический график, архивное фото
Сейсмический график, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази заминларза, ки соати 13: 16 бо вақти маҳаллӣ рух дод, 130 километр ҷанубу - шарқтар аз шаҳри Душанбе воқеъ будааст

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Имрӯз дар Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод, ки хушбахтона хисороте дар пай надошт, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Маркази заминларза, ки соати 13: 16 бо вақти маҳаллӣ рух дод, 130 километр ҷанубу - шарқтар аз шаҳри Душанбе, ноҳияи Сангвор будааст.

Сейсмография, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Заминларза дар Роғун: хисороте сабт нашудааст

Қувваи заминларза дар марказаш 4 баллро ташкил дода, дар шаҳри Душанбе 2 балл эҳсос шудааст.

Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон заминларза рух дод

Ёдрас мешавем, ки пеш аз ин рӯзи 26 март, Тоҷикистонро заминларзаи 5 - баллӣ такон дода буд.

Маркази заминҷунбӣ дар шаҳраки Шайдон воқеъ буд.

Дар баробари ин заминҷунбии Тоҷикистонро дар Ӯзбекистону Қирғизистон низ эҳсос карданд. Дар кишвраҳои ҳамсоя қувваи заминларза 3 - баллро ташкил дод.

Лентаи хабарҳо
0