Садамаи маргбор дар Панҷакент: писари 12 сола зери чархи мошин ба ҳалокат расид

© hoffmann-tipsntrips / pixabayДетская игрушка возле дороги
Детская игрушка возле дороги - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз марги як ноболиғи 12-сола, сокини ҷамоати деҳоти Сучинаи шаҳри Панҷакент хабар дод

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон,  санаи 19-уми апрели соли 2020, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ворисов Зафар Маҳмудович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи деҳаи Дашти Маллаи ҷамоати деҳоти Сучинаи шаҳри мазкур аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромад.

Тамбовская областная станция скорой медицинской помощи - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи расмии КҲФ аз садама дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд

Номбурда рамаи гӯсфандонро пахш намуда, сипас ҳаракатро идома дода, пиёдагарди ноболиғ, Селеванов Далер Уктамович, соли таваллудаш 2008, сокини ҷамоати деҳоти Сучинаи ҳамин шаҳрро пахш намудааст. 

Манбаъ қайд намудааст, ки дар натиҷа ноболиғ, Селеванов Д.У. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон ҳодисаи мазкурро таҳқиқ доранд.

Ёдрас мешавем чанде пеш ВУД Тоҷикистон аз садамаи маргбори нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ, ки дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст, хабар дода буд.

Дар ин садама мусофири дохили автомашина, ноболиғ Маликова Фирӯза Шодимаҳмадовна, соли таваллудаш 2012, сокини шаҳри Бӯстон, хонандаи синфи 1-уми МТМУ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд.

Лентаи хабарҳо
0