Садамаи бинои истиқоматӣ дар Душанбе ва кӯчонидани 72 сокин ба ҷойҳои бехавф

© КЧС ТаджикистанаМЧС спасает жильцов в доме из-за аварии в доме
МЧС спасает жильцов в доме из-за аварии в доме - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Яке аз биноҳои истиқоматии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ҳолати садамавӣ дучор шуда, плитаи оҳану бетонии боми зинапояи ошёнаи панҷум, фурӯ рехтааст

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Бегоҳии рӯзи ҷумъа, соати 20:58 ба Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода хабар додаанд, ки плитаи оҳану бетонии боми зинапояи ошёнаи панҷуми бинои 7 М4, кўчаи Испечак 1, воқеъ дар  пушти тарабхонаи Шаҳриёр,  фурӯ рехтааст.

Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, соати 21:01 дақиқа 26 нафар наҷотдиҳандагони Маркази таъиноти махсуси кофтуковиву-наҷоти Кумита ва Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри  фавран ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуда, ба корҳои эвакуатсионӣ шурўъ намудаанд. 

"Аз ҷониби наҷотдиҳандагони Кумита ва сохторҳои дахлдор 72 нафар истиқоматкунандагони бинои зикргардида ба хонаҳои ҳамсоягон ва хешовандони наздикашон интиқол дода шуданд", - омадааст дар хабарнома.

Ба нақли манбаъ, аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Сино 2 навбатдори шабонарузӣ ташкил карда шуда, корҳои бартарафсозӣ ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон ба 18.04.2020 гузошта шуд.

Как трудовые мигранты спасли людей во время пожара в Москве - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Корнамоии муҳоҷирони тоҷику ӯзбек дар Маскав: пиронсолонро аз сӯхтор наҷот доданд - навор

Соати 05:52 дақиқаи рӯзи шанбе, 18-уми апрел 8 нафар наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати шаҳри Душанбе ва 3 (се) техникаи махсус (1 автокран ва ду адад автомашинаҳои махсуси наҷот) ва 9 нафар кормандони Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷоти Кумита дар  бо як техникаи махсус ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, бетонҳои шикастаро бардошта, биноро ба ҳолати бехатар баргардониданд.

Наҷотдиҳандагон соати 17:08-и ҳамон рӯз аз анҷоми корҳои наҷот гузориш доданд.

Манбаъ афзуда, ки сокинон ба маҳалли истиқомати худ баргаштанд.

Лентаи хабарҳо
0