ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин 17 апрел бо сафирони Тоҷикистон дар Русия, Қазоқистон, Белгия, Швейтсария, Австрия ва Ҳиндустон конфронси видеоӣ баргузор кард.
Тибқи иттилои манбаъ, дар он натиҷаҳои машварати видеоӣ бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии мамлакат дар хориҷа, ки 7 апрели соли ҷорӣ баргузор гардида буд, баррасӣ шуданд.
Дар вазорати хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, ки дар ин машварати видеоӣ тадбирҳои андешидашуда баҳри ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷа қарор доранд, таҷрибаи дигар давлатҳо дар муқобила бо бемории ҳамагир — COVID-19 ва ғайра баррасӣ гардида, гузоришҳои сафирони Тоҷикистон шунида шуданд.
“Дар охири ҷаласа ба намояндагиҳои дипломатӣ дастурҳои мушаххас барои сари вақт баррасӣ кардани муроҷиатҳои шаҳрвандони мамлакат, вусъат додани корҳои тавзеҳотӣ дар байни ҳамватанон ва рушди ҳамкории иқтисодӣ бо кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ дода шуданд”, - таъкид намудааст дафтари матбуоти вазорат.