Низоми нави расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Тоҷикистон

© Sputnik / Алексей ДаничевМужчины с портфелем в руке. Архивное фото
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Лоиҳаи мазкур тартиби дохил кардани адвокатҳоро ба Феҳристи давлатии адвокатҳое, ки дар доираи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ" ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа мерасонанд, муайян намуда, масъалаи пардохти ҳаққи хизмати онҳоро пешбинӣ менамояд

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Ояндаи наздик дар Тоҷикистон низоми нави расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон қабул мегардад. Дар ин хусус зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз, 20 апрел таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллӣ интихоб шуд

Аъзои Шӯро лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ва  «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»- ро муҳокима намуданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода зикр карда, ки лоиҳаи Қонун «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» бо мақсади мукаммал гардонидани низоми давлатии ёрии ҳуқуқии ройгон ва ихтисоснок ба аҳолӣ таҳия шудааст.

Лоиҳа ҷиҳати иҷрои банди 11-и Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2015 қабул  гардидааст, таҳия шудааст.

"Таъмини ибтидоии хароҷоти лоиҳаро созмонҳои ёрирасон ба зимма гирифтаанд. Тибқи тавофуқи бадастомада, буҷети лоиҳа аз таносуби 90 фоиз саҳми ташкилот ва 10 фоиз саҳми буҷети давлатӣ оғоз гардида, давра ба давра бо зиёд намудани ҳиссаи давлат то ба 100 фоиз то соли 2025 идома меёбад",- зикр шуд дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон.

Зимни шарҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонун «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» Эмомалӣ Насриддинзода зикр намуд, ки лоиҳаи мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади мутобиқ кардан бо лоиҳаи Қонун «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», ки низоми нави расонидани ёрии ҳуқуқии ройгонро пешбинӣ мекунад, таҳия шудааст.

Лоиҳаи мазкур тартиби дохил кардани адвокатҳоро ба Феҳристи давлатии адвокатҳое, ки дар доираи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа мерасонанд, муайян намуда, масъалаи пардохти ҳаққи хизмати онҳоро пешбинӣ менамояд.

Лентаи хабарҳо
0