Хонаи Эргашбойбача макони баргузории ҳамоиши фарҳангӣ шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешГород Худжанд, архивное фото
Город Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хона – осорхонаи “Эргашбойбача” дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ба макони маҳфили фарҳангӣ табдил ёфт

ДУШАНБЕ, 18 апр – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ дар Хона –осорхонаи “Эргашбойбача” ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Озодбек Назарбеков коронавирусга атаб қўшиқ куйлади - Sputnik Тоҷикистон
Аз Каъба то Рим: суруд ва намоҳанги вазири фарҳанг Назарбеков алайҳи COVID-19-видео

Тибқи иттилои манбаъ, меҳмонон нахуст аз Хона – осорхонаи “Эргашбойбача” боздид намуда, аз ин бинои таърихии начандон дур бардошти хубе карданд.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд афзуд, ки баргузор намудани чунин чорабиниҳо дар ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ, баланд бардоштани фарҳанги аҳолӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба арзишҳои умумиинсонӣ ва дар байни аҳолӣ густариш додани донишҳо роҷеъ ба мероси таърихӣ – фарҳангии халқ, ва дар омӯзиш, тармим ва аз вайроншавӣ нигоҳ доштани онҳо мусоидат хоҳад намуд.

“Бо мақсади рушду нумуи бемайлони соҳаи сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди инфрасохтор,инчунин муаррифии таъриху фарҳанг, табиат, анъанаҳои миллӣ, рушди соҳаҳои хизматрасониву сайёҳӣ ва ба ин васила бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст”, таъкид дошт Нуруллозода.

Тибқи иттилои мақомоти шаҳри Хуҷанд, дар шаҳр 36 ёдгориҳои таърихӣ, 5 ёдгориҳои археологӣ, 21 ёдгориҳои шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат мавҷуд мебошад.

Ёдрас мешавем, мақомоти шаҳри Хуҷанд аз 8 августи соли 2016, тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз Хона осорхонаи этнографӣ, хонаи расмии “Эргашбойбача” таъсис гардид.

Маҳз аз ҳамон сол манзили истиқоматие, ки байни сокинони маҳал бо номи “Манзили Эргашбойбача” маълум аст, ба як макони таърихию фарҳангӣ ва намоиши анъанаҳои мардуми Хуҷанд табдил дода шуд.

Лентаи хабарҳо
0