Ғарқшавии донишҷӯи 22-сола: хост аз болои қубури обгузари рӯди Душанбе гузарад

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Беэҳтиётии донишҷӯи 22 - солаи ноҳияи Мастчоҳ ба марги ӯ анҷомид. Марҳум аснои гузаштан аз болои қубури обгузари рӯди Душанбе ба дарё сарозер шуда, ғарқ гардид

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Кумтаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ҳалокати донишҷӯи 22 - сола хабар медиҳад, ки дар дарё ғарқ шудааст.

Руки пожилой женщины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Марги мармузи пиразани танҳо дар Душанбе: кай ва бо кадом иллат фавтидаст, номаълум аст

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш бегоҳи 16 - уми апрел, тақрибан соати 19:10 дақиқа рух додааст. Аз ҳодисаи нохуш Оймаҳмадов Алишер ба навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе хабар  додааст.

Номбурда афзудааст, ки дар шафати Маҷмааи варзишии "Қасри тенис" хиёбони Ҳ. Шерозии ноҳияи И. Сомонӣ  як нафар ҳангоми убур аз болои қубури обгузари рӯди Душанбе сарозер шудаву дар оби пурталотуми дарё ғарқ шудааст.

Ҳушдори кумитаи фавқуллода: роҳҳо боз вале хатари тармафароӣ боқӣ мемонад

Зимнан, гурӯҳи зудамали наҷот фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд, вале корҳои ҷустуҷӯии онҳо то соати 22:30 дақиқа бенатиҷа анҷом ёфт.

Ҷасади донишҷӯ субҳи имрӯз, 17 - уми апрел пайдо ва ба мақомоти марбута супорида шуд.

Бино ба маълумоти дарёфтӣ ғарқшуда 22 сол дошта, сокини ноҳияи Масчои вилояти Суғд буда, донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мебошад ва дар хобгоҳи ҳамин донишгоҳ истиқомат мекард.

Лентаи хабарҳо
0