Шахсиятҳои арзанда хонд: Президент Рустами Эмомалӣ ва муовинонашро шодбош гуфт

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи якумаи Маҷлиси миллӣ даъвати шашум
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи якумаи Маҷлиси миллӣ даъвати шашум - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи якуми Маҷлиси миллӣ аз аъзои нави он тавсиф кард, ки ба гуфтаи ӯ шахсиятҳои арзанда ва соҳиби донишу таҷрибаи кофӣ мебошанд

ДУШАНБЕ, 17 апр – Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалиро ба муносибати интихоб шуданаш ба мақоми раиси Маҷлиси миллӣ ва Аҳмадзода Раҷаббойу Файзов Ёдгор Доёровичро бо вазифи муовини аввал ва муовини раиси Маҷлис табрик гуфта, ба онҳо барори кор хост.

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллӣ интихоб шуд

“Аъзои Маҷлиси миллии даъвати нав шахсиятҳои арзанда, соҳиби донишу таҷрибаи кофӣ ва фарҳанги баланди сиёсӣ мебошанд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур изҳори боварӣ намуд, ки аъзои нав бо сафарбар намудани нерӯи зеҳнӣ ва донишу таҷрибаи худ дар рушди низоми қонунгузорӣ, боз ҳам беҳтар намудани сифати қонунҳо, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии давлат ва ҷомеа нақши назаррас мебозанд.

Аҳмадзода ноиби якум ва Файзов ноиби Рустами Эмомалӣ: киҳо дар парлумон вазифа гирифтанд?

Ӯ дар хитоб ба аъзои Маҷлиси миллӣ гуфт, хотирнишон месозам, ки ҳар яки шумо роҳбари ин ё он сохтору мақомоти давлатӣ, яъне хизматчии давлатӣ мебошед.

“Аз ин лиҳоз, шумо бояд, пеш аз ҳама, вазифаҳои хизматии худро дар сатҳи баланд иҷро карда, ба давлат ва халқи Тоҷикистон содиқона хизмат намоед”, - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Лентаи хабарҳо
0