Дилшод Раҳмон ба ҷои Озода Раҳмон раис интихоб шуд

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийПустое кресло
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳмон Дилшод Сафарбек дар мақоми раиси яке аз кумитаҳои калидии Маҷлиси миллии Тоҷикистон Озода Раҳмонро иваз кард

ДУШАНБЕ, 17 апр – Sputnik. Дилшод Раҳмон имрӯз дар ҷаласаи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати шашум, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб шуд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Хурсандӣ накунем, ки вирус нест: Раҳмон аз 2 соли мушкил гуфту фаҳмонд, чӣ бояд кард

Дар даъвати гузашта роҳбарии Кумитаи мазкурро Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба уҳда дошт, ки ба даъвати ҷадид шомил нагардид.

Раҳмон Дилшод Сафарбек, ки ҷойгузини Озода Раҳмон шуд, декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз ҳавзаи интихоботии Душанбе вориди Маҷлиси миллӣ шуд.

Озода Раҳмон дар суҳбати ҷамъбастияш ба ҳайси узви Маҷлиси миллӣ ва роҳбари яке аз кумитаҳои калидии он изҳор дошт,  парламенти кишвар мактаби бузургест, ки аз ҳар як узви он касбият ва масъулияти баландро тақозо менамояд.

Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллӣ интихоб шуд

"Дар ин робита, ба аъзои тозаинтихоби Маҷлиси миллӣ фаъолияти пурмаҳсулу муваффақиятҳои рӯзафзунро баҳри рушду инкишоф, шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва боз ҳам беҳтар намудани некуаҳволии мардуми он таманно менамоям. Итминони комил дорам, ки онҳо бо дарки масъулияти баланд барои рушди бемайлони институти парламентаризм саҳми босазо мегузоранд”, - таманно кард Озода Раҳмон ба аъзои нави Маҷлиси миллӣ.

Лентаи хабарҳо
0