ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Дар Русия дар давоми шабонарӯзи гузашта 3,5 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ ба маризии COVID - 19 ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад ситоди фаврӣ.
Бино бар омори охир дар давоми 24 соати гузашта дар ҳудуди Русия 3448 нафар дар 78 минтақаи кишвар ба маризии коронавирус гирифтор шуд.
Ҳамин тавр то рӯзи 16 апрел дар ҳудуди Русия 27 938 кас гирифтори коронавирус шуд. Ин беморӣ сокинони 84 минтақаи Русияро ба доми худ кашид.
Занеро дар Тошканд пас аз панҷум муроҷиат аз ташхиси коронавирус гузарониданд
Бештарини ҳолатҳои сироятшавӣ дар шаҳри Маскав ба қайд гирифта шудааст. Дар давоми 24 соат дар пойтахти Русия беш аз 1,3 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Шумора умумии мубталоёни вирус дар пойтахти Русия ба 16,1 ҳазор нафар расид.
Вилояти Маскав аз ҷиҳати шумораи гирифторон дар ҷойи дуюм қарор гирифтааст. Ин ҷо 457 нафар бемор шудааст. Пойтахти шимолии Русия шаҳри Санкт-Петербург бо сироят шудани 154 кас дар мақоми сеюм ҷой гирифтааст.
Профессор гуфт кай алайҳи коронавирус ваксина пайдо мешавад
Ситоди фаврӣ хабар медиҳад, ки то имрӯз дар Русия аз бемории COVID - 19 232 нафар ҷон бохтааст.
Дар баробари ин пизишкон тавонистанд, беш аз 2,3 ҳазор беморро табобат кунанд.