Бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ба вазорати тандурустӣ кумак кард

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкТест на коронавирус
Тест на коронавирус - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Душанбе эълон карданд, ки ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ширкати “Тоҷикгидроэлектромонтаж” а вазорати тандурусттии кишвар дар ҳаҷми 5 миллион сомонӣ кумак расонидааст

ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе, субҳи имрӯз намояндагони ширкати “Тоҷикгидроэлектромонтаж”  ба Раёсати тандурустии пойтахти кишвар барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус 20 ҳазор адад тестҳои санҷишӣ барои муайян кардани вируси COVID-19, 10 адад таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ барои шушҳо (ИВЛ) ва 500 маҷмӯи либосҳои махсуси тиббӣ  тақдим карданд.

Шприц, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Профессор гуфт кай алайҳи коронавирус ваксина пайдо мешавад

Тавре манбаъ қайд намудааст, ҳаҷми кумаки расонидашуда  зиёда аз 5 миллион сомониро ташкил медиҳад. 

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе,  ин иқдом бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳр дар доираи тадбирҳо оид ба пешгирӣ аз  паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) сурат гирифтаааст.

“Ин кумак дар доираи иқдомҳои башардӯстона ва эҳсонкорӣ аз ҷониби ширкати ТГЭМ — “Тоҷикгидроэлектромонтаж”-и Тоҷикистон  расонида шуд”, - қайд кардааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои манбаъ ширкати “Тоҷикгидроэлектромонтаж” тасмим гирифтааст, ки  ояндаи наздик боз беш аз 20 адад таҷҳизоти сунъии нафаскашӣ барои шушҳо (ИВЛ)-ро  аз корхонаҳои маъруфи ҷаҳонӣ дастрас намуда, ба муассисаҳои  тандурустии шаҳри Душанбе тақдим намояд.

Врач осматривает новые аппараты для ИВЛ - Sputnik Тоҷикистон
Омори нави коронавирус: беш аз ним миллион кас шифо ёфтанд

Ҳамзамон зикр гардидааст, ки дар ҷараёни тақдими таҷҳизоти тиббӣ намояндаи ширкат изҳор доштаанд, ки тестҳои мазкур ба тамоми беморхонаҳои давлатии шаҳри Душанбе тақсим карда мешаванд.

“Онҳо барои зуд ташхис кардани вирус,  дар инзивоъ қарор додани шахсони мубтало ба он ва пешгирӣ аз  паҳншавии вирус  пешбинӣ шудаанд”, - таъкид доштааст намояндаи ин ширкат зимни тақдими кумак.

Ширкати “Тоҷикгидроэлектромонтаж” тасмим гирифтааст, ки оянда низ чунин ташаббусҳои башардӯстонаро идома диҳад.

Лентаи хабарҳо
0