ДУШАНБЕ, 16 — Sputnik. Дар доираи баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе фаъолияти пинҳонии як шабакаи интиқолдиҳандаи воситаҳои нашъадорро, ки аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба таври қочоқ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мекарданд ошкор карданд.
"Зимни амалиёт аз ин шабакаи қочоқчиён зиёда аз 70 кг воситаҳои гуногуни нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуд", - менависад дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар Душанбе.
Ҳамин тавр, кормандони мақомот дар натиҷаи пешбурди амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ Раҷабалӣ Дарғиеви 36-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Фархорро дар зодгоҳаш деҳаи Муродбахши ноҳияи Фархор, ки дар наздикии сарҳади Чумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон воқеъ аст, дастгир карданд.
"Зимни кофтуков аз манзили истиқоматии номбурда се борхалтаи полиэтилении дорои миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадор, аз ҷумла, 68 кг 672 грамм воситаи нашъадори навъи афюн ва 1 кг 964 грамм маводи психотропии навъи "Метаамфитамин", дар маҷмӯъ ба миқдори 70 кг 436 грамм дарёфт ва мусодира карда шуд", - омадааст дар иттилои манбаъ .
Дар идомаи баргузории чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ чеҳраи як нафар нашъаҷаллоби дигар намудор шуд, ки роҳбарии ин шабакаи фаромиллии нашъаҷаллобро бар уҳда доштааст.
Ин нафар шаҳрванд Баҳодур Девонақулов, соли таваллудаш 27.03.1979, сокини деҳаи Марғзори ноҳияи Фархори вилояти Хатлон мебошад, ки қаблан бо моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор суд шудааст.
Раҷабалӣ Дарғиев дар асоси маслиҳати пешакӣ мебоист ин 70 кг маводи нашъадори мусодирашударо ба шаҳрванд Баҳодур Девонақулов, ки соҳиби асосии воситаҳои нашъадор шинохта мешавад, интиқол диҳад.
Раҷабалӣ баҳри ба даст овардани ин маводи заҳрогин роҳу усулҳои гуногунро истифода намуда, воситаҳои нашъадорро танҳо дар вақти шабона аз қочоқчиёни афғон қабул менамудааст.
"Тааҷҷубовар аст, ки дастгиршуда Раҷабалӣ Дарғиев бо мақсади пинҳон доштани амалҳои ҷинояткоронаи худ ва нафаҳмидани атрофиён ба таври махсус ва рамзнок, яъне бо овози ҳайвонҳои саҳроӣ бо интиқолдиҳандагони воситаҳои нашъадори афғон гуфтугӯ намуда, додугирифти воситаҳои нашъадорро амалӣ мекардааст", - таъкид мекунад раёсат.
Наҷӯед: 40 ҳазор доллар пора барои халосии саркардаҳои нашъаҷаллобон - видео
Оид ба далелҳои мазкур айни замон нисбат ба гумонбаршавандагон Раҷабалӣ Дарғиев ва Баҳодур Девонақулов тибқи талаботи моддаи 200 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, Баҳодур Девонақулов ҳамчун роҳбари шабакаи фаромиллии нашъаҷаллобӣ дар ҷустуҷӯӣ расмӣ қарор дода шудааст.