Баргузории нахустин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва намояндагон

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание парламента Республики Таджикистан
Здание парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин ҷаласа бори нахуст аст, ки пас аз баргузор шудани интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон даъват мешавад

ДУШАНБЕ, 16 — Sputnik. Пагоҳ, 17 апрел, соати 15:00 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад. 

Дар ин бора вебгоҳи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гузориш медиҳад.

"Аъзои маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-16 апрели соли 2020 аз соати 8:00 то 17:00 дар ошёнаи якум, утоқи 1 бинои Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифта мешаванд. Телефонҳо барои маълумот 23-57, 221-30-84 мебошанд",- омадааст дар гузориши манбаъ.
Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Интихоботи такрорӣ дар бархе ҳавзаҳои ВМКБ

Ёдрас мешавем, 30 март раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ "Дар бораи даъват намудани ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум" фармон ба имзо расонид.

Рӯзи баргузории нахустин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълум шуд

Интихобот дар Тоҷикистон 1 марти соли равон баргузор шуд. Бино бар иттилои КМИР, дар он 4,9 миллион нафар интихобкунанда, 4,2 миллион нафар ё худ 86,4 фоиз иштирок намуданд, ки дар натиҷа аз ҳавзаи ҷумҳуриявӣ 5 ҳизб ба парлумон роҳ ёфт.

Лентаи хабарҳо
0