Пас аз ҷорӣ шудани қарантин дар Русия, раисҷумҳури ин кишвар Владимир Путин ба низоми фосилавии корӣ гузашт.
Пешгӯии Путин: кай Русия бар коронавирус дастболо мешавад
Зимнан, кишвардори Русия дар пасманзари афзоиши теъдоди сироятёфтагони ин маризӣ бо роҳбарони манотиқ ва вазирон пайваста ҷаласаҳои видеоӣ баргузор мекунад.
Аз ҷумла, рӯзи чоршанбе, 15 апрел, Путин ният дорад бо аъзои ҳукумат дар бораи рушди соҳаи электротехника дар соли 2020 сӯҳбат кунад.
Қайд мегардад, ки қабл аз мулоқот бо ҳукумат, Владимир Путин бо паёме ба тамоми шаҳрвандони Русия муроҷиат мекунад.