Намози таровеҳ дар хона, ифтор бо аҳли оила: фатвои муфтиёт ба ӯзбекистониён

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкМуфтий Узбекистана Усмонхон Алимов, архивное фото
Муфтий Узбекистана Усмонхон Алимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Ӯзбекистон намози таровеҳ, хондани Қуръон ва ифтор дар моҳи шарифи Рамазон танҳо дар хона имконпазир шуд

ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Усмонхон Алимов, муфтии Ӯзбекистон гуфтааст, намозҳои панҷвақта таровеҳ дар тӯли моҳи шарифи Рамазон дар Ӯзбекистон бидуни вайрон кардани низоми худҷудоӣ дар хонаҳо бинобар таҳдиди паҳншавии коронавирус баргузор мешаванд.

Усмонхон Алимов - Председатель управления мусульман Узбекистана, муфтий - Sputnik Тоҷикистон
Муфтии Ӯзбекистон иҷозат дод, ки намози панҷвақта ва ҷаноза дар хона гузошта шавад

Раиси Идораи мусалмонони Ӯзбекистон (УМУ) ин нуктаро зимни як суҳбаташ дар шабакаи телевизиони “Узбекистан 24” изҳор кардааст.

Қобили зикр аст, ки моҳи муқаддаси Рамазон барои мусалмонон имсол 24 апрел фаро расида,  то 23 май идома хоҳад кард.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, бо тасмими Идораи мусалмонон ифторҳо танҳо дар доираи оила баргузор карда шавад.

Гуфта мешавад, ин тадбирҳо барои мубориза бо паҳншавии сирояти коронавирус дар кишвар андешида шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон низ гуфтанд, дар пайи чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус имкон дорад дари масоҷид дар моҳи шарифи Рамазон баста шавад.

Қаблан мақомоти Арабистони Саудӣ низ иттилоъ доданд, ки бинобар сабаби паҳншавии коронавирус омодаанд маҳдудиятҳоро дар ҷамъомадҳои оммавӣ, бахусус намозҳо ва боздидҳо аз масҷидҳо дар моҳи Рамазон, ки аз охири апрел то охири моҳи май дар ҷаҳони ислом баргузор мешаванд, тамдид кунад.

Лентаи хабарҳо
0