Гуфтугӯи телефонии Раҳмон ва Путин: сарони Тоҷикистону Русия чи гуфтанд?

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкОфициальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия суҳбати телефонӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Бино ба иттилои дафтаи матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози музокирот аз номи мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон ба президенти Русия барои дастгирӣ ва кумаки башардӯстона, аз ҷумла бо воситаҳои тестӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ дар даврони барои ҳама душвор арзи сипос намудааст.

Пробирка с коронавирусом 2019-nCoV  - Sputnik Тоҷикистон
Русия боз ба Тоҷикистон барои санҷиши коронавирус тест дод

Ба иттилои манбаъ, ба ин муносибат президенти Тоҷикистон аҳаммияти амалҳои муштараки минбаъдаро ҷиҳати расонидани мусоидати фаврӣ ба якдигар таъкид карда, иброз доштааст, ки “дар ин рӯзҳои вазнин мо бояд чун пештара ҳамдигарро дастгирӣ намоем”.

Зимнан, ҷонибҳо атрофи вазъи дар пасманзари хатари паҳншавии фаромарзии пандемияи коронавирус дар ҳар ду кишвар баамаломада мубодилаи иттилоъ анҷом доданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба талошҳои саривақтии роҳбарият ва Ҳукумати Русия дар ҷодаи гирифтани пеши роҳи паҳншавии вируси сироятии хатарнок баҳои баланд дода, матонати табибони Русия, ки дар ҷабҳаи аввали мубориза бо пандемия дар дохили кишвар ва берун аз ҳудуди он қарор доранд, ҳамчунин чораҳои дар кишвар ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ андешидашавандаро бахусус қайд карданд. Изҳори итминон карда шуд, ки Русияи дӯст бо такя ба иқтидорҳои хеш ин санҷиши ҷиддиро низ паси сар хоҳад кард.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт расман набуди коронавирусро дар Тоҷикистон тасдиқ кард

Зимни баррасии муносиботи дуҷониба дар соҳаҳои гуногун аз ҷумла масъалаҳои мубрами соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ Эмомалӣ Раҳмон иқдоми ҷониби Россияро ҷиҳати барои муҳоҷирони меҳнатӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои тамдиди мӯҳлати будубошашон дар кишвар ба таври мусбат арзёбӣ кард.

Гуфта мешавад дар ҷараёни баррасии масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аҳаммияти калидии таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи амниятӣ таъкид гардид.

Лентаи хабарҳо
0