ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Ҳадафи асосии ин озмун, ки бо ибтикори раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода барпо мегардад, дарёфти хонандагони эҷодкор, баланд бардоштани малакаи эҷодкории кӯдакону наврасон, таҳким бахшидани шавқу ҳаваси онҳо дар самти омӯзиши таърихи пурғановати ниёгон мебошад, тавзеҳ дод котиботи дастгоҳи раиси Хатлон.
Манбаъ афзуд, ки ба ҳамин восита масъулин баланд бардоштани завқи китобхонию илмдӯстӣ, шеърдӯстӣ ва эҷодкории насли наврас, эҳсоси ватандӯстӣ, зебоиҳои табиат, азиз доштани хоку оби диёр ва баёни афкори солимро ҳадаф гузоштаанд.
Озмуни “Навқалами умедбахш” ба ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шуда, аз рӯйи се бахш - “Шеъри беҳтарин”, “Афсонаи беҳтарин” ва “Ҳикояи беҳтарин” доир мегардад.
“Шарти озмун ин аст, ки иштирокчиёни он дар навиштаҳояшон бояд мавзӯъҳои тарбияи ватандӯстӣ, ифтихор аз тамаддуни бой ва қадимаи миллати тоҷик, ҳурмати падару модар, арҷ гузоштан ба хизмати устодон, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, парвариши муҳаббат ба касбу ҳунар, тарғиби ҷойҳои сайёҳӣ,васфи ахлоқи ҳамида, хислатҳои неки инсонӣ, эҳтиёткорӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир, чун шахсият ба воя расидани насли ҷавону ояндасоз, эҳтироми арзишҳои волои миллӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба истиқлолиятро фаро бигиранд”, - омадааст дар иттилоия.
Котиботи дастгоҳи раиси Хатлон афзуд, озмун дар поёни соли 2020 ҷамъбаст гардида, ғолибони он дар ҳар як номинатсия барои ҷойи якум 2000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 1500 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 1000 сомонӣ мукофот хоҳанд гирифт. Барандаи Шоҳҷоизаи озмун бо 3000 сомонӣ мукофотонида мешавад.
Таъкид шудааст, ки инчунин, матолиби беҳтарин дар шакли китоб ҷамъоварӣ ва нашр карда мешаванд.