ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Тоҷикистон барои пешгирии пайомадҳои паҳншавии пандемияи коронавирус (COVID-19) аз Иттиҳоди Аврупо дархости 78 миллион евро кардааст.
Тавре хабаргузории "Ховар" дар истинод ба Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон хабар медиҳад, иттиҳод ба ин дархости Тоҷикистон посух додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, Завқи Завқизода ҳамчун ҳамраиси қисми тоҷикистонии Кумитаи ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо якҷо бо муовини Вазири молия Юсуф Маҷидӣ бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мерилин Йосефсон мулоқот намуда, масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Тавре манбаъ менависад, сафири Иттиҳоди Аврупо Мерилин Йосефсон гуфтааст, ки Иттиҳоди Аврупо дар ҷавоб ба дархости Ҳукумати ҷумҳурӣ кумакҳои молиявии иловагиро ба маблағи 48 млн. евро грант ва тавассути Бонки Сармоягузории Аврупо 30 млн. евро қарз барои нақшаҳои зиддибуҳронии Ҳукумати мамлакат сафарбар менамояд.
"Маблағҳои мазкур тавассути соҳаҳои маориф, тандурустӣ, таҳкими сарҳад, тақвияти муассисаҳои тиббию таълимӣ, обёрӣ, санитарӣ ва пешгирии пайомадҳои иҷтимоию иқтисодӣ равона мегарданд", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Илова бар ин муҷаҳҳазгардонии мутахассисони соҳаи тиб бо либосҳои ҳимоявӣ дар 25 дармонгоҳи тиббӣ ба маблағи 1,3 млн. евро ва таъмини лавозимоти санитарӣ ба муассисаҳои таълимӣ ба маблағи 780 ҳазор евро анҷом дода мешавад.
Дар доираи ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ аз Иттиҳоди Аврупо 631 млн. евро грант барои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, энергетика ҷалб гардида, илова бар ин дар доираи Барномаи нави бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021-2027 маблағ дар хаҷми умумии тақрибан 360 млн. евро пешбинӣ шудааст.
Инчунин дар мулоқот масъалаҳои дигари рушди ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла REX, GSP+, дастгирии буҷет муҳокима гардиданд. Завқӣ Завқизода дар навбати худ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории худро ба Намояндаи Иттиҳоди Аврупо баён карда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати тақвият ва рушди ҳамкории