"Teri Teri": нашри нахустин суруди Меҳрнигори Рустам ба забони ҳиндӣ

© Sputnik / Амир ИсаевМехрнигор Рустам
Мехрнигор Рустам - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Меҳрнигори Рустам нахустин суруди ҳиндии худро таҳти унвони "Teri Teri" нашр ва пешкаши мухлисонаш кард

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Сарояндаи ҷавону машҳури тоҷик Меҳрнигори Рустам ба забони ҳиндӣ суруд иҷро кард. Дар ин бора сароянда дар саҳифааш дар  Instagram хабар дода афзудааст, ки намехоҳад дигар сурудҳои ҳиндиро ба таври кавер иҷро кунад.

Суруд рӯзи 12 апрел дар шабакаи Youtube нашр шуда, то имрӯз онро беш аз 6 ҳазор кас гӯш кардаасту зиёда аз 400 нафар писандидааст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин суруди Меҳрнигор истиқбол карда ба ӯ мувафаққият таманно кардаанд.

Ахиран Меҳрнигори Рустам намоҳанги тозае зери унвони "Айби ман набуд" нашр кард.

Чанде пеш бошад Меҳрнигор соҳиби мукофоти байналмилалӣ "Содружество дебютов" (Иттиҳодияи нахустнамоишҳо) дар кишварҳои ИДМ шуд.

Мехрнигор Рустам - Sputnik Тоҷикистон
Меҳрнигори Рустам "хайтер" - ҳоро мушт зад - видео

Овозхони ҷавон Меҳрнигори 25-сола ва яккасарои оркестри Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, дар фаъолияти овозхонии худ борҳо соҳиби ҷоизаҳои мухталиф шудааст.

Аз ҷумла Меҳрнигор дар озмуни "Ҷӯҷаи заррин" ва Ҷашнвораи сурудҳои халқӣ соҳиби Гран при шудааст.

Дар баробари ин овозхони ҷавон дорандаи нишони Бозиҳои Делфини Алмаато дар соли 2007 буда, то кунун ду албом  - "Тоҷикистон" ва "Шодиёна" - ро сабт ва пешкаши мухлисон кардааст.

Лентаи хабарҳо
0