https://sputnik.tj/20200414/Ruz-barguzor-nakhustin-jalasa-yakjoya-Majlisi-milli-va-Majlis-namoyandagon-1031063390.html
Рӯзи баргузории нахустин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълум шуд
Рӯзи баргузории нахустин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе нахустин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад 14.04.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-04-14T13:36+0500
2020-04-14T13:36+0500
2021-08-10T16:37+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103085/00/1030850063_0:78:1501:922_1920x0_80_0_0_e38c9c42d65edbd06ae3a78c3275318a.jpg
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103085/00/1030850063_83:0:1418:1001_1920x0_80_0_0_614286f765d71638ad047d28dd445572.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, сиёсат , маҷлиси намояндагон, душанбе, маҷлиси миллӣ
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, сиёсат , маҷлиси намояндагон, душанбе, маҷлиси миллӣ
Рӯзи баргузории нахустин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълум шуд
13:36 14.04.2020 (Навсозишуда: 16:37 10.08.2021) Дар Душанбе нахустин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Рӯзи 17 апрел, соати 15:00 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад.
Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо истинод ба Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
"Аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-16 апрели соли 2020 аз соати 8:00 то 17:00 дар ошёнаи якум, утоқи 1 бинои Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифта мешаванд. Телефонҳо барои маълумот 23-57, 221-30-84 мебошанд",- омадааст дар иттилоя.
Эълони номи 25 узви нави Маҷлиси миллӣ: аз Рустам Эмомалӣ то Файзов, Аҳмадзода, Ҳакимзода
Рӯзи 30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ "Дар бораи даъват намудани ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум" фармон имзо кард.