ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СҶБ) шумори нафароне, ки дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон шифо ёфтаанд, мутаносибан ба 138 ва 85 нафар ва шумораи онҳое, ки фавтидаанд, ба 14 ва 4 нафар расидааст.
Ҳамзамон дар дигар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла дар Русия – 18 328 ҳолат, Украина — 3372, Беларус – 2919, Молдова – 1712, Озарбойҷон – 1148, Арманистон – 1039 ва Қирғизистон 430 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ошкор гардид.
То имрӯз дар Русия 1470 нафар, Озарбойҷон – 289, Арманистон – 211, Беларус – 203, Молдова – 107, Қазоқистон – 138, Украина — 119, Ӯзбекистон – 85 ва Қирғизистон – 71 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.
Ҳамзамон дар Россия 148 ҳолат, Украина – 98, Молдова – 35, Беларус – 29, Арманистон – 14, Қазоқистон – 14, Озарбойҷон – 12, Қирғизистон – 5 ва Ӯзбекистон 4 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Миёни кишварҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар Афғонистони шумораи мубталоён ба коронавирус 665 нафарро ташкил медиҳад, ки 32 нафари онҳо шифо ёфта, 21 тани дигар вафот кардаанд.
Тибқи иттилои СҶБ, шумори мубталоён ба коронавирус дар ҷаҳон 1 миллиону 925 ҳазору 224 нафар расидааст, ки аз ин 119 ҳазору 702 нафар вафот карда, 447 ҳазору 948 кас шифо ёфтаанд ва 51 ҳазору 157 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.