Бонки миллӣ қурби рубл ва долларро барои имрӯз эълон кард

© Sputnik Таджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард. Мувофиқи он, 1 рубли русӣ то 0,1393 сомонӣ арзиш дорад

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон имрӯз аз 0.1385 то 0.1393 сомониро ташкил медиҳад, эълом кардааст Бонки миллии Тоҷикистон.

БМТ афзудааст, ки дар бозори нақди кишвар имрӯз 1 доллари ИМА 10.2395 сомонӣ муқаррар шуда, 1 евро 11.1713 сомонӣ арзиш дорад.

Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рубл ба таври рекордӣ дубора ҷояшро мегирад: 152 сомонӣ шудааст
Ёдовар мешавем аввали моҳи март, дар пайи он, ки кишварҳои тавлидкунандаи нафт барои ихтисори иловагии тавлиди нафт ба созиш нарасиданд, бо уфти нархи нафту ҷаҳиши қурби доллар ва евро оварда расонид.

Қабл аз он дар Тоҷикистон қурби 1000 рубл то 155 сомониро ташкил медод.

Бонки миллии Тоҷикистон дар шарҳи болоравии қурби доллару коҳиши нархи рубл дар кишвар изҳор дошта буд, ки он ба мушкилот дар иқтисоди ҷаҳонӣ, зуҳури пандемияи коронавирус ва коҳиши нархи нафт рабт дорад.

“Яке аз сабабҳои асосии баланд шудани қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори дохилии асъор ва зиёд шудани талабот ба он, ин афзоиш ёфтани тавозуни манфии савдои кишвар, коҳишёбии вуруди интиқолҳои пулӣ дар ин давра ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор ва ғайраҳо, мебошад”, - илова намуд Бонки миллӣ.

Арзиши рубл дар Тоҷикистон каме боло рафт

Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

Лентаи хабарҳо
0