ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар Афғонистон, дар як рӯз 58 мавриди нави сироятёбӣ ба коронавирус кашф шудааст, ки дар натиҷа шумораи умумии дардмандон ба 665 ҳолат баробар шудааст, хабар медиҳад Tolo News.
Ба иттилои манбаъ, то ҳол 38 нафар аз ин беморӣ ҷон ба саломат бурданд ва 21 маризи дигар ҷон бохтанд.
Намояндаи Вазорати тандурустии Афгонистон Ваҳидулла Маҳёр гуфт, ки ҳолатҳои нав дар Қандаҳор (28), Кобул (13), Ҳилманд (7), Нимрӯз (6), Тахар (3) ва Кундуз (1) ба қайд гирифта шудаанд.
“Ҳама зиндаем”: овозаву ҳақиқати хонаводаи Шодиевҳо дар Ҷаббор Расулов
Ҳамин тариқ шумораи умумии мубталоён дар Ҳирот имрӯз ба 280 нафар расид.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати тандурустии Афғонистон пешгӯӣ намуд, ки 80 дарсади аҳолии ин кишвар ба маризии коронавирус мубтало мегардадн.
Гузашта аз ин, вазорат тахмин зад, ки эҳтимолияти ҷон бохтани 110 ҳазор нафар бар асари сар задани беморӣ мавҷуд аст.
Қобили зикр аст, ки аввал вирус ба Эрон ворид шуда, баъдан сироят ба Афғонистон паҳн шуд. Аввалин ҳолати сироятшавӣ дар Афғонистн дар вилояти Ҳирот ба қайд гирифта шуд.