ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, маблағи мазкур барои ҳавасмандгардонии ғолибони озмуни Стипендияи раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии пойтахт равона мешавад.
Стипендияи раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии пойтахт соли 2017 таъсис ёфта буд.
Дар қарори ҷадиди Рустами Эмомалӣ, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф шудааст, аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии раиси шаҳр, барои сарфароз гардонидани барандагони стипендияи мазкур дар соли таҳсили 2019-2020 маблағи 508 900 сомониро ҷудо кунад.
“Муовини раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҷиҳати дар фазои тантанавӣ бо шаҳодатнома ва маблағҳои стипендияи Раиси шаҳри Душанбе сарфароз гардонидани ғолибон чораандешӣ намоянд”, - омадааст дар қарор.
Таъкид шудааст, ки қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад ва назорати иҷрои он ба зиммаи муовини раиси пойтахт вогузор мегардад.