ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзҳои 11 апрел се бозӣ доир гашт. “Локомотив Помир” дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дастаи “Душанбе-83”-ро қабул кард.
Ба иттилои манбаъ, футболбозони ҳар ду даста баробар бозӣ карда, роҳиоҳанчиён бо ҳисоби минималии 1:0 ғалаба карданд. Дар дақиқаи 75-ум пас аз иҷрои зарбаи ҷаримавӣ аз ҷониби Шаҳром Сулаймонов дарвозабони тими меҳмон тӯбро баргардонид, ки ба тани ҳамдастааш Изатулло Рӯзиев бархӯрда, вориди дарвоза шуд.
Дастаи “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ дар майдони худ тими “Регар-ТадАЗ”-ро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард. Пирӯзии таърихии “Файзканд” тавассути зарбаҳои нишонраси Сайёди Ковусшоҳ, Далерҷон Тухтасунов ва Вайсиддин Сафаров имконпазир шуд.
Дар бозии дигари рӯзи аввал “Куктош” дар меҳмонӣ ба дарвозаи “Истаравшан” се голи беҷавоб зад. Голҳоро Собирҷон Холматов, Азизбек Султонов ва Далер Ёдгоров ба номашон сабт карданд.
Ду бозии дигар 12 апрел баргузор шуд. “Хатлон” ғайриинтизор дар меҳмонӣ дастаи “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Голҳоро дар ҳайати дастаи ғолиб Худойдод Узоқов, Сорбон Авғонов, Парвиз Боқиохунов, дар ҳайати “Хуҷанд” Санҷар Рихсибоев ва Дилшод Бозоров заданд.
Дар бозии охири давр “Истиқлол” бар дастаи КМВА пирӯз шуд – 2:0. Тавассути голҳои Алишер Ҷалилов ва Шериддин Бобоев дастаи Душанбе боз се хол гирифт.
Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии ду давр дастаҳои “Истиқлол” ва “Хатлон” бо шашхолӣ пешсафони ҷадвали чемпионатанд.
Бозиҳои даври навбатӣ 18-19 апрел сурат мегиранд. Дар даври сеюм 18 апрел "Душанбе-83" бо "Файзканд", "Регар-ТадАЗ" бо "Истаравшан" (18 апрел), КМВА бо "Локомотив Помир", 19 апрел "Хатлон" бо "Истиқлол" ва "Куктош" бо "Хуҷанд" вомехӯранд.