ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар вилояти Ленинград 16 ҳолати нави сироятшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад идораи фаврии вилояти Ленинград бо истинод ба шӯъбаи минтақавии Хадамоти Роспотребнадзор.
Манбаъ зикр мекунад, ки аз миёни 16 ҳолати сироятшавӣ, 10 маврид ба вуҷуди муҳоҷирони меҳнатӣ ошкор шудааст, ки ҳамаи онҳо дар хобгоҳи ноҳияи Всеволожски вилояти Ленинград зиндагӣ мекарданд.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт теъдоди мубталоёни коронавирус дар ҷаҳонро беш аз 1,8 миллион гуфт
Ҳамин тариқ дар вилояти мазкур дар маҷмӯъ 155 ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардидааст, ки 5 нафар аллакай комилан шифо ёфтанд.
Гуфта мешавад, дар вилояти Ленинград ягон ҳолати фавти маризон ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки авҷи коронавирус дар охири декабри соли 2019 дар Чин рух додааст. Дар нимаи моҳи март, СҶБ COVID - 2019 - ро пандемия эълон кард.
Бар тибқи охирин маълумоти СҶБ, феълан дар ҷаҳон 1,850 ҳазор ҳолати сироятёбӣ бо коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Рӯйхати фавтидагон зиёда аз 113 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.