ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Ваксинаи зидди сил (БСЖ) наметавонад бо сирояти коронавирус мубориза барад, гуфт, мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Саидбек Сатторов.
Қаблан бархе аз олимони амриокӣ ва русиягӣ аз ҷумла роҳбари Агентии федералии тиббӣ-биологии Русия (АФТБ), собиқ вазири тандурустии ин кишвар Вероника Скворсова бар он назар аст, ки ваксинаи зидди сил (БСЖ) метавонад дар мубориза бо сирояти коронавирус нақши муайян иҷро намояд.
"Тибқи омӯзиши татқиқоти оморӣ, нафароне, ки ваксинатсияи такрории (реваксинатсияи) зиддисилӣ (БСЖ) мегиранд, нисбат ба нафароне, ки ваксинатсияи такрорӣ нагирифтаанд, камтар бемор мешаванд. Инро интихоби тасодуфӣ номидан мумкин аст. Он моддаҳои бегона (антителаҳо)-е, ки бар зидди ангезандаи сил дар бадан пайдо мешаванд, қобилияти бар зидди коронавирус муқобилият кардан надоранд. Зеро ин ду беморӣ аз оилаҳои гуногун буда, яке ба оилаи бактерияҳо ва дигарӣ ба оилаи вирусҳо дохил мешаванд ва дар байни онҳо ҳатто наздикӣ дида намешавад. Аз ин рӯ ман ба чунин андеша розӣ шуда наметавонам",- гуфт Саидбек Сатторов дар суҳбат бо АМИТ "Ховар".
Профессор, вобаста ба он ки гӯё дар кишварҳои Италия ва Голландия аз сабаби ба роҳ намондани эмкунии БСЖ вазъияти сироят бо коронавирус вазнинтар аст, мегӯяд, ин омил сабабҳои гуногун дорад. Яке аз сабабҳои он сари вақт наандешидани тадбирҳои пешгирикунанда мебошад.
"Тавре шоҳид ҳастем, Ҳукумати Тоҷикистон ва мутахассисони тандурустӣ барои пешгирии интиқоли он сари вақт тадбирҳои зарурӣ андешиданд ва яке аз аввалинҳо шуда, робитаҳои ҳавоиро бо давлатҳое, ки дар онҳо коронавирус ба қайд гирифта шуда буд, бастанд. Инчунин нафароне, ки аз хориҷ ба мамлакат меоянд, барои пешгирӣ намудани сирояти коронавирус онҳоро 14 рӯз зери назорати карантинӣ қарор медиҳанд. Вале дар он кишварҳое, ки имрӯз вазъияти сироят бо коронавирус вазнинтар аст, ба ин масъала диққати ҷиддӣ надоданд. Аз ин сабаб шумораи сироятёфтагони ин беморӣ дар ин давлатҳо афзуд",- зикр намуд мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон.
Чаро дар Тоҷикистон коронавирус нест?: шарҳи чанд сабаб
Ба гуфти Саидбек Сатторов, коронавирусҳо дар ҳарорати 25+30 дараҷа дар муҳити атроф дуру дароз зинда монда наметавонанд. Зеро пардаи берунии ин вирусҳо аз сафеда ва равған иборат буда, дар буғи ҳаво он тез нобуд мешавад. Дар ин ҳолат каронавируси навъи COVID-19 метавонад дар муддати 2-3 соат нест шавад. Вале дар ҳолати паст будани ҳарорат вирусҳо то 2-3 рӯз дар муҳити атроф метавонанд умр бинанд.
Ҳоло тамоми ҷаҳон бо COVID-19 мубориза мебарад. ТО 12 апрели соли равон дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.
Вале сарпизишки Қазоқистон Динагул Баешева пешгӯӣ кард, ки коронавирус дер ё зуд ба Тоҷикистон ва Туркманистон низ мерасад.
Пешгӯии изтиробовари коршинос: коронавирус ба Тоҷикистон ҳам мерасад
Бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус дар Тоҷикистон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуд.
Инчунин аз 1 феврал то 12 апрел 7 ҳазору 257 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардидаанд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд.
Ҳоло бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон телефони боварӣ бо рақами 511 фаъол гардидааст. Ин рақам ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда, сокинон метавонанд дар ҳолати дидани нишонаҳои вируси нав ва дигар ҳолатҳои ба он алоқаманд фавран бо ин рақам дар тамос шаванд.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт 11 март хурӯҷи коронавируси COVID-19–ро пандемия эълон намуд.
Эпидемияи илтиҳоби шуш (пневмония)- COVID-19, ки моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуд, имрӯз дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст.