Мақомоти Хуҷанд сайди моҳиро манъ кард

© Sputnik / Игорь Руссак / Гузариш ба медиабонкЛовля рыбы, архивное фото
Ловля рыбы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Хуҷанд эълон кардааст, ки аз санаи 31 март то 15 июни соли равон сайди моҳӣ дар обанборҳои шаҳру навоҳии қаламрави вилоят манъ карда мешавад

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ба сокинон ҳушдор додааст, ки сайди моҳӣ дар обанборҳои шаҳру навоҳии қаламрави вилояти Суғд мувақатан манъ карда шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд.

Мешок муки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон аз воридоти зиёди орд дар ду моҳи соли равон хабар дод

Манбаъ қайд намудааст, ки сайди моҳиҳо ҳамасола бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, фароҳам овардани шароити мусоид ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ давраи муайян манъ карда мешавад.

Бино бар иттилои манбаъ, тибқи фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, аз санаи 31 март то 15 июни соли 2020 сайди моҳӣ дар обанборҳои шаҳру навоҳии қаламрави вилоят аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ манъ карда шудааст.

Манбаъ қайд намудааст, ки ин иқдом дар асоси моддаҳои 6 ва 9-и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”, моддаҳои 8 ва 32-и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи олами ҳайвонот”, моддаҳои 6, 10 ва 24-и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ”, моддаҳои 4 ва 17-и “Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидорӣ доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” амалӣ гардидааст.

Инчунин манбаъ таъкид кардааст, ки нисбат ба ашхосе, ки дар ин давра моҳӣ сайд менамояд, қонунгузорӣ ҷавобгариро пешбинӣ намудааст.

Ҳамзамон мақомоти шаҳрӣ Хуҷанд зикр намудааст, ки дар ин давра гузаронидани силсилаи рейдҳои муштарак бо мақомоти дахлдор ба нақша гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0