Коронавирус нест, аммо: Туркманистон таҷаммӯи бештар аз 200 нафарро манъ кард

© Sputnik / Александр Юрьев / Гузариш ба медиабонкВиды Ашхабада - столицы Туркменистана, архивное фото
Виды Ашхабада - столицы Туркменистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Афзун бар ин, акнун дар Туркманистон, 6 нафар низ наметавонанд дар меҳмониҳо даври дастархон биншинанд

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Туркманистон таҷаммӯи беш аз 200 нафарро дар як ҷой мамнӯъ кард, хабар медиҳад "Парс тудэй".

Туркменские школьники гуляют по улице Ашхабада - Sputnik Тоҷикистон
Ба забон наоред: дар Туркманистон истифодаи калимаи коронавирус манъ шуд
Гуфта мешавад, ин иқдом барои пешгирӣ аз шуюи коронавирус роҳандозӣ мешавад.

"Туркманистон таҷаммӯи беш аз 200 нафар, меҳмониҳое барои арусӣ ва азодориҳо ва ҷаласаҳои мухталифро барои пешгирӣ аз шуюи бемории корона мамнуъ эълом кард", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Аз ҳафтаи гузашта то кунун беш аз 200 нафар наметавонанд барои ҷашнҳои хонаводагӣ монанди арӯсӣ , солгард ва ҷашнҳои таваллуд даъват шаванд ва бештар аз 6 нафар низ наметавонанд дар меҳмониҳо даври дастархон биншинанд.

Чунин маҳдудитҳое барои аввалин бор аст, ки дар ин кишвар иҷро шудааст.

Туркманистон аз Тоҷикистон хоҳиши кумак дар таъмини пиёз кард

Ёдрас мешавем, мақомоти кишвар феълан аз шуюи коронавирус дар Туркманистон эълон накардаанд.

Лентаи хабарҳо
0