ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, боронҳои пуршиддат бахусус рӯзҳои 13-14 апрел дар назар аст.
Манбаъ қайд намудааст, ки дар баъзе манотиқи кишвар, аз ҷумла дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеъи марказ (Варзоб, Сангвор, Рашт, Нуробод ва Файзобод), вилояти Хатлон (ноҳияҳои Восеъ, Хуросон, Ховалинг, Муминобод, Ш.Шоҳин ва шаҳри Кўлоб) ва минтақаҳои доманакӯҳии вилояти Суғд (Истаравшан ва Панҷикент) эҳимоли омадани сел мавҷуд аст.
Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки дар рӯдхонаҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, аз ҷумла дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ), шохобҳои дарёи Вахш эҳтимол сатҳи об боло равад ва дар баъзе минтақаҳо об аз соҳилҳо берун шуда, ба сӯи заминҳои кишт ва манзили сокинон равона гардад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз кулли сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш намудааст, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.
“Рафтан ба саҳро барои анҷом додани корҳои кишоварзӣ, молчаронӣ ва рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини ҳезум ё гиёҳҳои шифобахш хатар дорад”, — таъкид доштааст КҲФ
КҲФ аз ҳамаи ронандагоне, ки сафари дур доранд, хоҳиш намудааст, ки дар ҳавои боронӣ, суръати ҳаракатро боло набаранд ва ҷони худ ва ҳамсафаронашонро дар хатар нагузоранд.