ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар Ӯзбекистон шумори ҷонбохтагон аз вируси корона ба чаҳор нафар расид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати тандурустии ин кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, шоми гузашта дар водии Фарғона боз як зани 59-сола, ки мубталои коронавирус шуда буд, даргузашт.
“Ахиран дар водии Фарғона як зани 59-сола, ки мубтало ба коронавирус шуда буд, даргузашт. Вай дар моҳи март ба Арабистони Саудӣ барои адаои ҳаҷи умра рафта буд”, - таъкид кардаанд дар вазорати тандурустии Ӯзбекистон.
Тибқи маълумоти расмӣ ин зане, ки гирифтори вируси корона шуда буд санаи 25 март ба бемористон интиқол ёфт. Баъд аз шаш рӯз пизишкон тасмим гирифтанд ӯро ба дастгоҳи танафуси маснуӣ (ИВЛ) пайваст намоянд.
Таъкид шудааст, ки вазъи саломатии номбурда санаи 11 апрели соли равон бад шудааст.
Новобаста аз чораҳоиандешида зани 59-сола даргузашт .
Тибқи иттилои расмии вазорати тандурустии Ӯзбекистон, шумори умумии мубталоён ба вируси корона дар ин кишвар ба 767 нафар расидааст. Дар ҳамин ҳол, шумори нафароне, ки шифо ёфтанд ва ба хона мураххас шуданд 42 нафарро ташкил медиҳад.