Дар Тоҷикистон рӯзҳои наздик беш аз 2000 нафар аз қарантина ҷавоб мешаванд

© © Facebook / Дилрабо СамадоваПассажиров отправляют на карантин
Пассажиров отправляют на карантин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири тандурустии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар рӯзҳои наздик 2014 нафаре, ки дар қарантина дар манотиқи гуногуни кишвар қарор доранд, ба хонаҳояшон ҷавоб дода мешаванд

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Насим Олимзод, вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, ки шумори ҳамватаноне, ки аз кишварҳои хориҷӣ бармегарданд ва ба қарантина гирифта мешаванд, рӯз аз рӯз дар ҳоли рушд аст.

Сотрудники медицинской службы в аэропорту Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Олимзода: ба пизишкони вобасташуда маоши иловагӣ дода мешавад

Ба гуфтаи вай, дар умум, то 9 апрел 7257 нафар ба қарантин фаро гирифта шуд.

“Аз ин хотир, зарур омад, ки ба ҷуз аз муассисаҳои тандурустӣ истироҳатгоҳу осоишгоҳҳои дигар муассисаҳои вазорату кумитаҳо ва корхонаҳо низ мавриди истифода қарор гиранд. Аз ҷумла, осоишгоҳҳои “Хоҷа Оби Гарм”, “Харангон” (ноҳияи Варзоб), “Оламбӣ” (шаҳри Роғун), осоишгоҳҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Мавриди зикр аст, ки ҳамаи шароити будубош, муоинаву ташхиси тиббӣ, маводи доруворӣ, озуқаворӣ ва хизматрасонии тиббӣ дар ин муассисаҳо ба таври ройгон пешниҳод шуда истодааст”,- таъкид кард вазири тандурустӣ.

Олимзода зикр кард, ки то 9 апрели соли равон аз қарантин 5243 нафар ҷавоб шуда, 2014 нафар дар чунин ҳолат қарор дошта, рӯзҳои наздик онҳо низ ҷавоб дода мешаванд. Аз шумораи умумии онҳо 317 нафар шаҳрванди хориҷист, ки аз Афғонистон, Русия, Чин ва Ӯзбекистон мебошанд.

Ҳамзамон вай афзуд, ки Тоҷикистон дар чанд марҳила аз Русия тестҳои зарурӣ дастрас кард.

“Ҳамчунин, дигар таҷҳизоти зарурии ташхис ва маводи яккарата, маҳлулҳои безараргардонӣ бо кумаки бархе шарикони рушд дастрас гардида, баъзе аз ин мавод дар дохили худи ҷумҳуриямон истеҳсол мешавад. Алъон 20 муассиса ба истеҳсоли ниқобу хилъатҳои яккаратаи тиббӣ машғул аст”. Илова кард Олимзод.

Вазири тандурустӣ бори дигар таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир, бо супориши вазорат ва ситоди назди он амалкунанда ҳама муассисаҳо, новобаста аз шакли идора ва моликият, кормандони худро бо маводи яккаратаи тиббӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ таъмин менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0