ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар сар то сари ИМА, бино бар паҳншавии босуръати коронавирус, вазъи изтирорӣ (major disaster) эълон гардид.
Қарор дар бораи ҷорӣ кардани ҳолати фавқулодаро дар сар то сари кишвар раисҷумҳур Доналд Трамп қабул кардааст.
Дар ин вазъ, иёлотҳои Амрико ва як қатор ширкатҳо аз ҷониби давлат маблағгузорӣ хоҳанд шуд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти иёлотҳои Амрико бояд тасмимҳояшонро бо Агентии федералии ҳолатҳои фавқулода ва қӯшунҳои ҳарбии ИМА мувофиқа кунанд.
Бино бар омори рӯзи 12 апрел, дар ИМА 533,1 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шуданд. Бештар аз 20 ҳазор кас қурбони вируси корона гаштанд.