ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Бо қарори раиси Душанбе ҳайати Кумитаи тадорукот ва ҳисобномаи хароҷоти ҷашнвораи “Чакомаи гесу” тасдиқ карда шуд, хабар дод котиботи шаҳрдорӣ.
Рустами Эмомалӣ Сарраёсати молияи шаҳри Душанберо муваззаф кард, ки аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ 5 ҳазору 350 сомониро ба суратҳисоби Раёсати кор бо занон ва оила барои баргузории ҷашнвора ҷудо намояд.
“Муовинони раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкур ва дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани Фестивали “Чакомаи гесу” якҷо бо ҳайати Кумитаи тадорукот, тадбирҳои дахлдорро амалӣ намоянд”, - омадааст қарори раиси Душанбе.
Таъкид шудааст, ки “Чакомаи гесу” дар доираи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амри раисиҷумҳур тасдиқ шудаанд, баргузор мегардад.
Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор шудааст.