Раиси Хатлон аз ҳоли кишоварзон дар Панҷ хабар гирифт

© Flickr \ EC/ECHO/H.VeitЗемледелие на Памире. Архивное фото
Земледелие на Памире. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, бо мақсади шиносоӣ бо корҳои кишоварзӣ ба ноҳияи Панҷ сафари корӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Шиносоӣ бо майдонҳои кишти картошка, пиёз ва дигар анвои сабзавоти барвақтӣ яке аз ҳадафҳои сафари кории раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Панҷ буд, хабар дод котиботи дастгоҳи раиси Хатлон.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ҳангоми боздид аз боғҳои ноҳияи Ҷайҳун - Sputnik Тоҷикистон
Боздиди раиси Хатлон аз пистазорҳои Саймурод Давлатов дар Ҷайҳун

Ба иттилои манбаъ, зимни боздиди раиси вилоят аз хоҷагии деҳқонии Фарғонаи ҷамоати деҳоти Кабут Сайфиддинови ноҳияи Панҷ, ки 60 гектар замини киштро дар ихтиёр дорад, гуфта шуд, ки кишоварзони ин хоҷагӣ асосан ба кишти сабзавот, аз ҷумла дар 30 гектар пиёз, дар 12 гектар сабзӣ машғул мешаванд.

"Имсол дар ноҳияи Панҷ дар масоҳати 15099 гектар кишти зироатҳо бояд сурат гирад, ки ин нақша то имрӯз 91,1% иҷро шудааст. Аз ҷумла дар майдони 360 гектар пиёз, 300 гектар полезӣ, 230 гектар маъсар, 478 гектар картошка, 70 гектар помидор, 20 гектар бодиринг кишт шудааст. Кишти пунбадона дар майдони 5459 гектар ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 81,8% иҷро гардидааст", - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, раиси вилоят бо масъулони соҳаи кишоварзӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Панҷ оид ба рафти тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ, кишту кори баҳорӣ ва бартарафсозии оқибатҳои боду ҳавои номусоиди рӯзҳои охир мулоқот намуданд.

Қурбон Ҳакимзода ба масъулони ноҳия инчунин ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва риояи гигиенаи шахсӣ супоришҳо дод.

Лентаи хабарҳо
0