Мубтало шудани 2 пизишк ва 10 ҳамшира ба коронавирус дар Алма - Ато

© AFP 2023 / JURE MAKOVECМедицинский работник в защитных очках, архивное фото
Медицинский работник в защитных очках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Алма-Ато 14 ҳолати нави сироятшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид. дар маҷмӯъ дар ин шаҳр 137 нафар ба коронавирус мубтало гардидаанд

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Дар бузургтарин шаҳри Қазоқистон - Алма-Ато ду табиб ва 10 ҳамшира ба маризии коронавирус мубтало гардиданд, хабар медиҳад Вазорати беҳдошти ин кишвар.

Замминистра здравоохранения Таджикистана Мирхамуддин Камолзода - Sputnik Тоҷикистон
Ситоди вазорат аз омодагии муассисаҳо ба эҳтимолияти хуруҷи коронавирус гуфт

Ба иттилои манбаъ, дар умум дар қаламрави Қазоқистон 859 мавориди гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардидааст. Ҳамчунин бар асари ин маризӣ 10 бемор ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳамин робита рӯзи ҷумъа, раисҷумҳури Қазоқистон Қосим Жомарт Тоқаев то авохири моҳи ҷорӣ вазъи фавқулода эълон кард.

Зимнан, дар бастагӣ ба мариз шудани кормандони тиб, сардори раёсати тандурустии ҷамъиятии шаҳр Тлеухан Абилдаев аз тамоми сокинон даъват намуд, ки ба воҳима наафтанд.

Теъдоди мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 700 нафар наздик шуд

Ба изҳори ӯ табибон новобаста аз карантин вазифаи худро иҷро намуданд ва онҳо аз аввалинҳоянд, ки дар зери хатар қарор доранд.

Қобили зикр аст, ки раванди мубталошавӣ ба маризии сироятии коронавирус дар ҷаҳон ҳамарӯза рӯ ба афзоиш аст. Алъон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ, Тоҷикистон ва Туркманистон ягона давлатҳое мебошанд, ки аз ин маризӣ дар амон ҳастанд.

 

Лентаи хабарҳо
0