ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати таъмин кардани бозори Қазоқистон бо маҳсулоти аввалияи меваву сабзавоти тоҷикӣ дар ҳаҷми зарурӣ, аз ҷумла таъминоти пиёз, иброз дошт.
Ба гуфтаи Казансев, дар ин ҷо сухан дар бораи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар меравад.
"Қазоқистон нисбат ба дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ як кишвари бой аст, зеро дар ин кишвар нафти зиёд аст. Тоҷикистон, дар навбати худ, метавонад маҳсулоти кишоварзиро таъмин кунад",- гуфт ӯ дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.
Ӯ гуфт, ки дар Тоҷикистон нерӯи барқи обӣ мавҷуд аст, ки метавонад барои Қазоқистон низ муфид бошад.
"Дар Тоҷикистон қувваи кории зиёд мавҷуд аст ва Қазоқистон яке аз воридкунандагони қувваи корӣ аст", - афзуд ӯ.
Ба гуфти коршинос, кӯмак ба Тоҷикистон барои худи Қазоқистон шояд судманд бошад.
" Ин ҷо дар масоили амниятӣ вобастагии муайяне мавҷуд аст. Тоҷикистон дар ҳамсарҳадии як кишваре ба мисли Афғонистон қарор дорад, ки вазъи сиёсии ноором дорад. Аз ин рӯ, кумак ба Тоҷикистон ба оромӣ дар Осиёи Марказӣ, алахусус дар Қазоқистон мусоидат мекунад",-қайд кард коршинос.
Тоҷикистон пиёзу Қазоқистон гандум медиҳад: суҳбати Расулзода бо ҳамтои қазоқаш
Ёдовар мешавем, ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни суҳбати телефонӣ бо ҳамтои қазоқистонияш, Қосим-Жомарт Тоқаев густариши ҳамкориҳо ва додугирифт дар пасманзари пандемияи коронавирусро баррасӣ кард.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон омодагии кишварро барои таъмини бозори Қазоқистон бо маҳсулоти барвақтии меваю сабзавот дар ҳаҷми зарурӣ, ҳамчунин интиқоли пиёз иброз доштаст. Мавзӯи интиқоли пиёзи барвақтӣ аз Тоҷикистон ва воридоти орд аз Қазоқистон аз мавзӯъҳои меҳварии суҳбати сарвазирони тоҷику қазоқ қаблан буд.