https://sputnik.tj/20200410/Toikiston-ravodidi-khoriini-darmondaro-tamdid-mekunad-1031047608.html
Тоҷикистон раводиди хориҷиёни дармондаро тамдид мекунад
Тоҷикистон раводиди хориҷиёни дармондаро тамдид мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар кишвар бино бар маҳдуд шудани баромад ва даромад дар мондаанд, метавонанд мӯҳлати раводидашонро тамдид кунанд 10.04.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-04-10T18:26+0500
2020-04-10T18:26+0500
2020-04-10T18:38+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102507/81/1025078149_0:36:1000:601_1920x0_80_0_0_348d2d874b3c44c9d5b33bf04182119e.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102507/81/1025078149_0:4:1000:633_1920x0_80_0_0_860346715e974fc3cab0aaa66ead7f63.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон
Тоҷикистон раводиди хориҷиёни дармондаро тамдид мекунад
18:26 10.04.2020 (Навсозишуда: 18:38 10.04.2020) Шаҳрвандони хориҷие, ки дар кишвар бино бар маҳдуд шудани баромад ва даромад дар мондаанд, метавонанд мӯҳлати раводидашонро тамдид кунанд
ДУШАНБЕ, 10 апр— Sputnik. Дар Тоҷикистон мӯҳлати раводиди шаҳрвандони хориҷиро тамдид мекунанд. Дар ин бора Вазорати умури хориҷии кишвар гузориш медиҳад.
"Бо дарназардошти ҳамагирии коронавируси COVID-19 ва вазъи бавуҷудомадаи эпидемиологӣ, муҳлати эътибори раводид ва бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, то ба эътидол омадани вазъ тамдид мешавад", - омадааст дар баёнияи вазорат.
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ барои тамдиди раводид метавонанд ба Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагии Вазорати корҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд ва ҷиҳати тамдиди муҳлати бақайдгирӣ ба воҳидҳои сохтории Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
ВУХ: шаҳрвандонро аз Мисру Туркияву Тошканд овардем, масъалаи боқимондаҳо баррасӣ мешавад
Бояд таъкид кард, ки тамоми дархостҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ мувофиқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории мамлакат мавриди баррасӣ ва иҷрои фаврӣ қарор дода мешаванд.