Сипос барои кумаки башардӯстона: Раҳмон ба Мирзиёев занг зад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Узбекистана Шавкат Мирзиёев
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз роҳбарияти Ӯзбекистон барои расонидани кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон, арзи сипос намудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон говорит по телефону, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Созиши Раҳмон ва Мирзиёев барои муборизаи якҷоя бо коронавирус ва дуои Президент

Эмомалӣ Раҳмон,  иброз доштааст, ки ин кумаки дӯстонаи иборат аз маҳсулоти хӯрокворӣ ва лавозимоти тиббӣ дар шароити имрӯза барои Тоҷикистон зарур мебошад.

“Дар шароити мушкили имрӯза барои мо ин як нишонаи анъанаҳои деринаи дастгирии якдигар аст, ки халқҳои моро бо ҳам мепайванданд. Мардумони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамчун ду ҳамсояи наздик тӯли асрҳо ба ҳамдигар дасти мадад дароз мекарданд”, - таъкид доштааст президенти Тоҷикистон.

Инчунин дар ҷараёни суҳбати телефонӣ роҳбарони ду кишвар, устувории рушди мунтазами ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистонро зикр намуданд.

“Зимни идомаи табодули афкор оид ба мавзӯи зуҳуроти буҳрон дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои хавфноки афзоиши таназулли нав, ҷонибҳо ба ҳамдигар оид ба вазъи дар ду давлат дар пасманзари хатарҳои паҳншавии пандемияи коронавирус ба амал омада иттилоъ доданд”,- таъкид доштааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Ҳамзамон дар суҳбати телефонӣ аҳамияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи кӯшишҳои минтақавӣ барои пешгирии таъсири манфии оқибатҳои пандемия ба кишварҳои минтақа таъкид карда шуд.

Раҳмон ва Мирзиёев барои амалиёти муштараки мақсаднок якҷоя бо тамоми кишварҳои минтақа барои рафъи вазъи буҳронӣ изҳори назар карданд.

Лентаи хабарҳо
0