ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобит умумӣ ва иттилоърасонии вазорати беҳдошти Эрон ахиран ба хабарнигорон охирин омори мубталоён ба коронавирус дар кишварро эълон кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.
Бино бар иттилои Киёнуши Ҷаҳонпур, то кунун беш аз 66 ҳазор нафар дар Эрон ба таври қатъӣ ба вируси корона мубтало шудаанд.
Ҳамчунин Ҷаҳонпур афзуд, ки дар 24 соати ахир 17 нафар, фавтидааст ва теъдоди умумии ҷонбохтагон аз ин вирус дар Эрон ба 4 ҳазору 110 нафар расид.
Вируси корона, ки номи расмии он “Ковид-19” аст, авохири соли гузашта (2019) дар шаҳри Вуҳони Чин шиносоӣ шуд.
Ҳамакнун тамоми кишварҳои ҷаҳон даргири муқобила бо вируси корона ҳастанд.
Бо наздик шудани теъдоди афроди мубтало ба ин вирус ба беш аз як миллиону 524 ҳазор нафар дар саросари дунё, то кунун беш аз 88 ҳазор нафар аз ин теъдод ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 332 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.