ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Ахиран Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Комиссияи пешгирии вируси нави “COVID-2019” ва татбиқи тадбирҳои пешгирӣ аз короновирус дар КҲФ ҷаласаи гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, корҳои дохилӣ, ҳамчунин Муассисаи давлатии манзиливу комуналӣ баргузор шудааст.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикстон дар ҷараёни ҷаласа маълумоти фаврӣ дар бораи чораҳои коҳиши хатари густариши вируси короно, теъдоди шахсоне, ки дар карантин қарор доранд, шунида шуд.
Кумита ҳамроҳ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тариқи воситаҳои ахбор корҳои иттилоотӣ ва паёмрасониро роҳандозӣ кардаанд. Ҳамчунин барои пурсишҳои саривақтии аҳолӣ рақами кутоҳи телефонии “511” фаъол шудааст.
“Шаҳрвандоне, ки бо нақлиёт аз хориҷи кишвар меоянд дар муассисаҳои тиббӣ ба карантин фаро гирифта мешаванд ва баъди анҷоми муҳлати таъиншуда, онҳо ба хонаҳояшон ҷавоб дода мешаванд”, таъкид доштааст КҲФ.
Инчунин дар ҷаласаи мазкур намояндаи Муассисаи давлатии манзилию комуналӣ хабар додааст, ки ҳар рӯз дар нақлиёти шаҳрӣ қабл аз оғози корашон корҳои беҳдоштӣ гузаронида мешавад.
“Дар ҷойҳое, ки маъмулан одамон зиёд равуо мекунанд, аз ҷумла дар бозорҳо, марказҳои савдо, майдончаҳои бозии кӯдакон низ корҳои дезинфексионӣ роҳандозӣ мешаванд”,- қайд намудааст манбаъ
Ғайр аз ин гуфта шуд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва маркази вилоятҳо ситодҳо, нуқтаҳои карантинӣ ва озмоишгоҳҳо сохта шудаанд, ки омодаанд ташхиси вируси короно гузаронанд.
Ҳамчунин дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва маркази вилоятҳои Тоҷикистон навбатдории шабонарӯзӣ низ ташкил карда шудааст.