Бародар апаашро кушту ҷасадашро дар ҳавлиаш зери хок карда, сипас даст ба худкушӣ зад

© Sputnik / Табылды КадырбековНасилие в семье, архивное фото
Насилие в семье, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони милитсия хабар доданд, ки марди 39-сола пас аз ҷанҷолу ба қатл расонидани апаи 44 солаи худ дар ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолият, дар симчӯби байни заминҳо худро овехта, ба ҳалокат расонидааст

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ошкор намудани як ҷинояти даҳшатона дар ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолият, хабар дод.

Милиционеры в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВКД маълум кард, ки дар шаҳри Душанбе идораи букмекерии “Рахш”-ро кӣ ғорат кард

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милитсия муайян карданд, ки марди 39-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ, санаи 20-уми ноябри соли 2018, апааш зани 44-солаи сокини шаҳри Душанберо, ки дар хонаи ӯ дар меҳмонӣ қарор дошт, аз сабаби муноқишаи оилавӣ зери лату кӯб қарор дода, ба ҳалокат расонидааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки номбурда баъд аз қатли апаи худ баъдан, заминро канда, ҷасади ӯро дар анҷомхонаи ҳавлии истиқоматиаш ба зери хок пинҳон намудааст.

ВУД қайд кардааст, ки санаи 8-уми апрели соли 2020, ҷасади марҳум аз таги хок дарёфт карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, масъулини  ВУД Тоҷикистон қайд карданд, ки гумонбаршаванда даст ба худкушӣ зада, санаи 1-уми апрели соли 2020, дар ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолият, дар симчӯби байни заминҳо худро овехта, ба ҳалокат расонидааст.

Дар ҳоли ҳозир, аз сӯи кормандони милитсия тафтишоти ин ҳодисаи даҳшатбор идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0