ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Бар хабари котиботи Вазорати беҳдошт, дар Ӯзбекистон боз 27 ҳолати нави сироятшавӣ ба коронавирус сабт гардид.
Манбаъ меафзояд, дар қаламрави ин кишвар шумораи умумии дардмандони коронавирус ба 582 нафар баробар шуд.
"То соати 15:30 дақиқаи санаи 9 - уми апрел дар Ӯзбекистон шумораи ҳодисаҳои сирояти коронавирус 582 аст", - омадааст дар хабар.
Вазорати беҳдошт шарҳ дод, ки ҳолатҳои охирини сирояти коронавирус дар шаҳрвандоне ошкор карда шуд, ки дар шароити статсионарӣ карантин шуда буданд.
Як шабонарӯз: фавти 13 дардманд ва сироят шудани 1459 нафар ба коронавирус дар Русия
Ёдовар мешавем, ки дар нимаи моҳи март дар Ӯзбекистон аввалин ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд. Беморӣ дар духтаре пайдо шуд, ки аз Фаронса баргашт.
То ба ҳол маълум гардидааст, ки бар асари ин беморӣ се дардманд ҷон бохта, ҳамчунин 30 нафар шифо ёфтанд.
Сар аз 1 - уми апрел дар Тошканд ва дигар манотиқ қарантин эълон шуд. Шаҳрвандони аз 60 - сола боло ҳаққи ба берун баромаданро надоранд.
Дар умум 90 ҳазор нафар дар Ӯзбекистон ба қарантин фаро гирифта шудаанд.