Боз аз рӯи навор: ҳабси 5 ҷавон ба мӯҳлати 15 шабонарӯз - видео

Обуна шудан
Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 5 нафарро барои 15 рӯз равонаи ҳабси маъмурӣ кардааст. Онҳо ба майдаавбошӣ муттаҳам мешаванд

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо пахши ин хабар гуфтааст, ки боздошти ин афрод дар пайи таҳқиқи як наворе, ки аз сӯи як сокини пойтахт тариқи "Фейсбук" фиристода шудааст, иттифоқ афтодааст.

Бино ба ин манбаъ, 5-уми апрели соли равон ин гурӯҳи ҷавонон дар ҳолати мастӣ дар назди қаҳвахонаи "Шабнам", воқеъ дар кӯчаи Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе бо дашномҳои қабеҳ нисбати якдигар муноқиша барпо намуда, эроди атрофиёнро низ ба эътибор нагирифтанд ва бо ин кирдори зиддиҷамъиятӣ ба шаҳрвандону атрофиён беэҳтиромӣ ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд.

"Дар натиҷаи маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Комрони Шодмон (соли таваллудаш 1990), Комил Назриев (1991), Алиҷон Юсуфов (1981), Сафар Муродов (1975) ва Умедҷон Қурбонов (1985) боздошт гардиданд. Зимни таҳқиқ маълум шуд, ки ин афрод дар назди тарабхона бо сабаби нофаҳмиҳои ночиз осоиши шаҳрвандонро халалдор сохта, бо алфози қабеҳ ҳамдигарро дар ҷои ҷамъиятӣ таҳқиру дашном намудаанд", - омадааст дар хабари маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Ошкор шудани ҳабс ва парвандасозиҳои ғайриқонунӣ: Президент хостори ҷазои муфаттишон шуд

Биино ба ин манбаъ, кормандони милисаи пойтахт ин кирдори ҷавононро аз рӯи моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон - майдаавбошӣ - бандубаст карда, нисбаташон протоколи маъмурӣ тартиб доданд ва барои баррасӣ ба суди ноҳияи Сино ирсол карданд.

"Суд 8 апрели соли ҷорӣ ба ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯзӣ таъин кард", - омадааст дар хабар.

Ин танҳо мавриди боздошт ва муҷозоти шаҳрвандон дар Душанбе нест, ки аз рӯи наворҳои фиристодаи мардум тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ анҷом мегирад.

Дар гузашта Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе даҳҳо нафарро ба ҷурми нақзи коидаҳои роҳ ва ҳатто партофтани ахлот аз баландошёна боздошт ва муҷозот кардааст.

Лентаи хабарҳо
0