ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ахиран дар Теҳрон дар гуфтугӯ бо хабарнигорон охирин омори мубталоён ба коронавирус дар кишварро баён дошт. Ӯ гуфт, дар 24 соати гузашта, 1 ҳазору 997 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар Эрон ба қайд гирифта шуд.
Ҷаҳонпур афзуд, тибқи оморҳои ҷадид, шумори беморони короновирус дар Эрон ба 67 ҳазору 286 нафар расид.
Ҳамзамон раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон қайд кард, ки дар 24 соати ахир аз ин вируси марговар 121 нафар ҷони худро аз даст додааст.
Тибқи иттилои расмии мақомоти Эрон, шумори нафароне, ки ба сабаби коронавирус дар ин кишвар даргузаштанд ба 4 ҳазору се нафар расидааст.
Ҳамзамон иқдомоти пешгирона ва дармонии давлати Эрон ва кумаки неруҳои мусаллаҳ, фароянди ташхиси зудҳангом ва радёбии афроди дар тамос бо мубталоёну ҷудосозии беморон бо ҳамроҳии ҳамаи қишри ҷомеаи Эрон, ба суръат идома дорад.