ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Вазири беҳдошти Қирғизистон эълом кард, ки панҷ ҳазору 48 нафар дар Қирғизистон бо афроди мубтало ба корона дар тамос будаанд, ки таҳти назар қарор доранд.
Ин дар ҳолест, ки имрӯз даҳумин солгарди Инқилоби мардумии апрел дар Қирғизистон аст ва барномаҳои солгарди инқилоб таҳти таъсири шуюъи корона қарор гирифтааст.
Шоҳиён ва Ҳошимзода ба сокинони Бӯстон барои пешгирӣ аз коронавирус чӣ тавсия доданд?
Инқилоби соли 2010, ки ба таври расмӣ Инқилоби мардумии апрел номида мешавад, дар апрели соли 2010 ба сарнагунии Қурбонбек Боқиев, раисҷумҳури асбақи ин кишвар анҷомид. Дар пайи таҳаввулоти ин инқилоб танишҳои қавмӣ дар ҷануби ин кишвар байни қирғизҳо ва узбакҳо рӯй дод, ки ин хушунатҳо дар ниҳоят ба таҳкими низоми ҷадиди парлумонӣ дар Қирғизистон мунҷар шуд.