ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Абдурауф Пӯлодов, раиси шӯъбаи саноати сабуки вазорати саноату фанновариҳои ҷадиди Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир 14 ширкати саноатие, ки қаблан машғули тавлиди колоҳои нассоҷӣ будаанд, ба самти тавлиди колоҳои тиббӣ рӯй овардаанд.
Ба гуфтаи вай, ширкатҳои "Гулистон", "Сифат саноат" ва "Нассоҷии тоҷик" тавлиди либосҳои муҳофизатии махсуси пизишкиро низ ба роҳ мондаанд.
Тибқи иттилои расмӣ, ширкатҳои Тоҷикистон ба таври миёна рӯзона 60 - 65 ҳазор ниқоб ва 300 - 400 адад либоси муҳофизатии махсуси пизишкиро тавлид мекунанд. Қаблан вазорати саноат ва фанновариҳои ҷадиди Тоҷикистон аз содироти ниқобҳои тиббӣ ба Италия тавассути ширкати “Ҷавонӣ” хабар дода буд. Ин ширкат барои 11 миллион адад ниқоби тиббӣ аз шарикони итолиёии худ супориш дарёфт кардааст. “Ҷавонӣ” як ширкати муштараки Тоҷикистону Италия аст, ки пеш аз ин шалвору нимшалвори ҷинсиро ба Италия содир мекард.
"Бақия ширкатҳо дар ҳоли ҳозир танҳо барои бозори дохилӣ мол ироа мекунанд", - раиси шӯъбаи саноати сабуки вазорати саноату фанновариҳои ҷадиди Тоҷикистон.