ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Теъдоди умумии маризони сироятии коронавирус дар Ӯзбекистон ба 504 нафар расид, хабар медиҳад Вазорати беҳдошти ин кишвар.
Бар хабари манбаъ, то соати 15:00 - и санаи 7 - уми апрел, 504 нафар гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудааст. Чанде қабл боз 32 ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин маризӣ сабт гардид. Мавориди нави сироятшавӣ ба коронавирус дар миёни нафароне, ки ба қарантин фаро гирифта шудаанд, ошкор гардидааст.
Қобили зикр аст, ки ҳукумати Ӯзбекистон сар аз 16 - уми март то 30 - юми апрел равобити заминиро бо чандин кишварҳо маҳдуд намуд.
Зимнан, дар ҳамаи минтақаҳо, постгоҳҳои махсуси назоратӣ барои назорати риояи ҳатмии режими қарантин таъсис дода шудаанд.
Паҳншавии босуръати коронавирус дар Русия: 1154 нафар дар як шабонарӯз сироят шуданд
Қайд карда мешавад, ки гурӯҳҳои таъсисдодашуда назорати шабонарӯзии сокинони Тошкандро ба роҳ мондаанд. Тарк кардани хона танҳо дар ҳолатҳои фавқулода, барои харидани хӯрок, доруворӣ ва кор имконпазир аст.
Тибқи маълумоти охирин, дар ҷаҳон 1.358.943 нафар ба коронавирус мубтало шудаанд. Ҳамзамон 71,2 ҳазор беморон фавтида, ҷони 272,8 ҳазор одамро табибон наҷот доданд.